ОИ «Азия плюс» аз қавли хабарнигори худ аз ҷойи ҳодиса аз кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон дар даргирии охир дар марз хабар додааст. Ин расона шумораи захмиёнро аз бист нафар зиёд мегӯяд, аммо маркази матбуоти қушунҳои сарҳадии КДАМ шумораи захмиёнро даҳ нафар ва кушташудагонро ду нафар эълон кардааст.

Аз нафари дуввуми кушташуда Абдулатиф Шарифови 62-сола ном бурда мешавад. Марҳум ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара буда, ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи миномёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расидааст.

Субҳи 28-уми январ сухангӯи раиси шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов акси мошини ёрии таъҷилии ҷониби Тоҷикистонро нашр кард, мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

“Ин ҳам мошини ёрии таъҷилиест, ки барои гирифтани захмишудагон сафарбар шуда буд”, – навиштааст Шомадов бо нашри чанд акси мошини ёрии таъҷилӣ.

Расонаҳои қирғиз бо такя ба Камчибек Ташиев аз захмӣ шудани 11 низомии қирғиз хабар медиҳанд.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь