Дар суди вилоятии Самарқанди Ӯзбекистон парвандаи ду духтуре баррасӣ мешавад, ки дар исқоти ҳамли ғайриқонунӣ ва талоши нобуд кардани пораҳои исқотшуда айбдоранд. Дар баррасии охири парвандаҳои марбут ба исқоти ҳамл ошкор шуд, ки ду зан аз пайвандонашон ҳомиладор шудаанд.
Як блогнавис аз Самарқанд, ки ҷараёни баррасии парвандаҳоро назорат мекунад, менависад, 16 марти соли ҷорӣ табибон талош карданд, ҷасади ду тифли исқотшударо сӯзонанд, аммо ба далели баланд набудани оташ ҷисми кӯдакони исқотшуда пурра насӯхтаанд. “Ба гуфтаи шоҳидон, яке аз духтароне, ки исқоти ҳамл кард, 17 сол дошта аз бародараш ҳомиладор шудааст”, – менависад блогнавис.
Як муфаттиш аз вилояти Самарқанд гуфтааст, дар Ӯзбекистон исқоти ҳамл танҳо бояд дар муассисаҳои тиббии давлатӣ сурат гирад. “Аммо табиби беморхонаи хусусӣ духтареро, ки аз бародараш ҳомиладор шудааст, ғайриқонунӣ исқоти ҳамл мекунад”, – қайд намудааст муфаттиш.