Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ факултети технологияи химиявӣ ва металлургия таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар робита ба ин дар ҳайати 4 кафедра, 9 ихтисос ва шумораи мавҷудаи ҳайати устодону донишҷӯёни кафедраҳои марбута факултети технологияи химиявӣ ва металлургия таъсис дода шуд.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ 28 патент ба даст оварда шуда, 9 монография тариқи шурои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ ва 8 монография тариқи шуроҳои берун аз донишгоҳ ба нашр расидаанд.
Иброз гардид, ки аз шумораи 2031 нафар донишҷӯйе, ки донишгоҳро хатм карданд, ба 1916 нафар дипломи муқаррарии бакалавр, ба 56 нафар дипломи муқаррарии магистр, ба 38 нафар дипломи аълои бакалавр ва ба 18 нафар дипломи аълои магистр дода шуд.
Раъно Нусратулло