Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ аст, ки бо маблағгузории Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар муддати се сол, сохта ба истифода дода шудааст.

Ректори донишкадаи мазкур Ибодзода Зарина Ҳабибулло имрӯз, 16-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки муассиса моҳи августи соли 2020 ба хотири расонидани кӯмаки тиббӣ-психологӣ ба ашхоси мубталои бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ таъсис дода шудааст.

– Донишкада дар се факултет аз рӯи 5 ихтисос мутахассисони соҳаи тиб ва Коллеҷи назди донишкада дар ду факултет мутахассисони миёнаи тиббиро аз рӯи 7 ихтисос омода мекунад. Донишҷӯён ба донишкада тариқи ММТ қабул мегарданд ва таҳсил пурра тариқи шартнома сурат мегирад, – гуфт ректори ДТИТ Ибодзода Зарина.

Бино ба маълумоти пешниҳодшуда, дар соли 2020 ҳамагӣ 212 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, аммо шумораи донишҷӯён дар соли таҳсили 2021-2022 ба 576 нафар расидааст, ки дар муқоиса 28 дарсад бештар аст.

Ректори ДТИТ ҳамчунин гуфт, ба донишҷӯён 158 профессору омӯзгор таълим медиҳанд, ки 96 нафарашон омӯзгорони асосӣ ҳастанд. Қайд гардид, ки донишкадаи мазкур имкон дорад то 1200 нафар донишҷӯро қабул карда, малакаи касбӣ омӯзонад. Тибқи иттилоъ, маоши омӯзгорон дар ин муассиса дар муқоиса ба дигар донишкадаҳои кишвар баландтар аст. Масалан, мудири кафедра дар ин даргоҳ 3 ҳазор сомонӣ музд мегирифтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь