Баъзе аз озмоишҳо нишон додаанд, ки яке аз шарбатҳои зидди сулфа ба зиёдшавии коронавирус дар бадан ёрӣ мерасонад. Дар озмоишҳое, ки олимон барои баррасии таъсири намудҳои гуногуни доруҳо анҷом додаанд, муайян шудааст, ки доруи “Декстрометорфан”, ки барои табобати сулфа истифо мешавад, сабаби зиёдшавии ин беморӣ мегардад.

Яке аз устодони Донишгоҳи дорусозии Сан-Франсиско дар бораи истифодаи ин дору гуфтааст, ки он хуруҷи бемории коронавирусро тақвият мебахшад.

– Беҳтар аст, сокинон дар замони хуруҷи коронавирус ва эълони натиҷаи тадқиқот, аз истеъмоли ин ва дигар навъи доруҳо, ки сабаби афзоиши вирус мегарданд, худдорӣ кунанд, – гуфтааст ин олими амрикоӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь