Соли 2019 Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнанхалқӣ, 1 миллион доллари амрикоӣ грант дарёфт кардааст.

Ректори Донишкада Абдухалил Ғафурзода гуфт, ки имрӯз донишкада аз нарасидани кадрҳои ҷавон танқисӣ мекашад. Бинобар ин, грантҳои мазкурро барои беҳтар кардани сифати таълими донишҷӯён истифода хоҳанд бурд. Ӯ тазаккур дод, ки самти асосии фаъолияти донишкада азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ мебошад.

– Дар донишкадаи идоракунӣ низоми “2 + 2” амал мекунад, ки мутобиқи он донишҷӯён баъди ду соли таҳсил, метавонанд таҳсили худро мутобиқи шартнома дар кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Сингапур идома диҳанд, -г уфт Абдухалил Ғаффорзода.

Абдухалил Ғаффорзода ҳамчун ректори донишгоҳе, ки бевосита ба тайёр кардани мутахассисони идоракунӣ дар мақомотҳои давлатӣ машғул аст, сабаби ба корҳои роҳбарикунанда ҷалб кардани занонро ба содиқ будан ба касбашон марбут донист.

– Дар шакли зиндагӣ ва менталитети миллати мо зан-модар баъд аз Худо дуюмин офаранда аст. Имрӯз фаъолияти назарраси занҳо дар ҳама соҳаҳо ба назар мерасад. Зане, ки ҳамчун судя фаъолият мекунад, пеш аз ҳукмро хондан аввал каме гиря мекунад, ӯ коре намекунад, ки ба иззати нафси маҳкумшуда расад. Зане, ки табиб аст, ҳеҷ вақт нисбати бемори худ дағалгуфторӣ намекунад. Бо меҳрубонӣ ба ӯ муносибат мекунад. Ибораҳое, ки имрӯз занон истифода мебаранд, ин рамз “символ”- и давлатдории мо аст, – таъкид намуд ректори донишкада. – Ҷинси латиф садоқату вафодорияш нисбат ба мард зиёдтар аст. Ӯ ҳеҷ гоҳ хиёнат намекунад.

Дар сифати занҳо Абдухалил Ғаффорзода баён дошт, ки “кадоми мо дасти фарзанди хурдсоламонро гирифта навиштан омӯзондем? Вале дасти фарзандро гирифтани модар ва зебову хоно навис гуфтанҳои ӯ, аз хотири мо ҳеҷ гоҳ намеравад”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь