– Дар шаш моҳи таҳсили соли гузашта аз ДДБ ба номи Носири Хусрав 79 донишҷӣ бо сабабҳои гуногун хориҷ шуданд, аммо маъмурияти донишгоҳ то ҳади имкон барои хориҷ нашудани донишҷуён имкон медиҳад, – гуфт дар ин бора ректори донишгоҳи мазкур Қурбонзода Маҳмадаллӣ дар нишасти хабарӣ.

Гуфта шуд, ки дар баъзе ҳолатҳо бо сабабҳои иштирок накардан дар дарсҳо ва имтиҳонҳои давлатӣ, донишҷуён хориҷ карда мешаванд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки дар соли хониши 2023-2024 нақшаи қабули донишҷуён ба Донишгоҳи давлатии Бохтар 76 дарсад таъмин гардидааст. Пурра таъмин нашудани қабули донишҷуён ба вазъи молии донишгоҳ таъсири манфӣ расонидааст.

Роҳбари донишгоҳ гуфт, ки кушиш мекунанд, дар соли таҳсили нав бо таъсиси ихтисосҳои нав қабули донишҷуёнро сад дарсад таъмин созанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь