Дар пайи як таркише дар Файзободи Афғонистон Мавлавӣ Абдулҳақ фармондеҳи амниятии Бадахшон ба ҳалокат расид. Ҳодиса 26-уми декабр рух дода, бар асари ин ҳолат 3 нафар кушта ва ду нафар захмӣ гардидаанд, аммо хабаргузории “Амаҷ” дар такя ба манобеъ маҳаллӣ теъдоди зхамиёнро шаш нафар мегӯяд.

Ба гуфтаи Абдуннофеъ Такур, сухангӯи Вазорати умури дохилии Толибон*, таркиш бар асари гузоштани бомба ба мошин рух додааст. Ӯ қайд кардааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур чаҳор нафарро дастгир кардаанд.

Бахши Хуросонии ДОИШ* бо пахши изҳороте масъулияти куштори фармондеҳро ба ӯҳда гирифт. Дар ин бора хабаргузории “Амаҷ” гузориш дод.

Абдуннофеъ Такур, сухангӯи Толибон гуфт, субҳи рӯзи 26-уми декабр дар наздикии бинои фармондеҳии амнияти Бадахшон маводи таркандае, ки дар як мошини баландсуръат ҷойгир шуда буд, мунфаҷир шуд.

Пеш аз замони эълони ба уҳда гирифтани таркиш аз ҷониби ДОИШ, Сиғбатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, инфиҷори мазкурро кори дасти худи гурӯҳи Толибон навишта буд. Ӯ дар ин бора дар саҳифаи фейсбукии худ чунин эълом дошт. Ба навиштаи Аҳмади дар пайи нофаҳмиҳои байнигуруҳии Толибон фармондеҳи амниятии Бадахшон Мавлавӣ Абдулҳақ ба ҳалокат мерасад.

*Толибон – Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

*ДОИШ – созмони террористии ҳаракаташ дар Тоҷикистон мамнуъ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь