Шурӯъ аз 21-уми апрел дар Афғонистон 8 таркиш рух додааст. Дар ин ҳамлаҳо асосан ҳазораҳо мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.

Ҳашт таркиш дар чор вилояти Афғонистон рух додаанд, ки бештари онҳо дар шаҳри Кобул ва пурталафоттаринашон дар шаҳри Мазори Шариф мебошад.

Бар асари таркиш дар вилояти Хугёнии Нангаҳор, ки минаи магнитӣ дар мошини “Толибон” гузошта шуда буд, чаҳор нафар кушта шуда, теъдоди захмиён муайян нест.

Таркиши дигар дар наздикии мактаби хусусии “Талоши дониш”, воқеъ дар чорроҳаи Қамбари шаҳри Кобул, рух дод, ки дар натиҷа ду кудак захм  бардоштаанд. Дар ин бора вазорати дохилаи “Толибон” хабар додааст.

Севвумин таркиш дар минтақаи Кӯтаи Сангии шаҳри Кобул бар асари таркидани мина рух додааст, ки дар натиҷа 5 нафар аз шаҳрвандон кушта шудаанд.

Бузургтарин ва пурталафоттарин таркиш дар масҷиди Седӯкони шаҳри Мазори Шариф ҳангоми адои намози зуҳр рух додааст. Дар натиҷаи таркиш 31 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шудаанд.
“Сангар” бо такя ба манобеъи худ аз бад будани вазъи саломатии захмиён навиштааст. Ба навиштаи ин сомона захмиёнро ба беморхонаи Абуалӣ Синои Балхӣ воқеъ дар шаҳри Мазори Шариф интиқол додаанд.

Инчунин гурӯҳи “Толибон” аз дастгир намудани шахси ташкилкунандаи таркиши мазкур хабар медиҳанд. Аз шахси дастгиршуда Абдулҳамид Сангарёр ном мебаранд, ки қаблан дар бахши афғонистонии “Вилояти Хуросон”* масъули ин вилоят буд. Ӯро дар райони Чаҳор-булок дастгир намудаанд.

Дар ин бора Алҳанафи Вардак, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон хабар додааст.

Дар Кундуз мошини кормандони давлатие, ки ба мардуми фақир кӯмак тақсим мекардаанд таркиш ба амал омад, ки аз худ 5 куштаву 6 захмӣ бар ҷой гузошт. Таркиш замоне рух медиҳад, ки мардум баҳри гирифтани кӯмак назди мошин ҷамъ мешаванд. Аксари кушташудаҳо мардуми оддӣ гуфта мешаванд.

Чаҳор “толиб” бар асари таркиши мина дар Форёб ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин аз таркиш дар Хушҳолхони шаҳри Кобул низ хабар дода мешавад. Маълумоте дар бораи кушта ва захмиёни ин таркиш дар даст нест.

Таркиши баъди дар минтақаи Заҳириддини Форёбии шаҳри Мазори Шариф дар пайи партофта шудани ракета ба вуқӯъ пайваста дар натиҷа 3 нафар шаҳрванд захмӣ шудаанд.

Расонаҳо пас аз таркиши мазкур аз даргирии мусаллаҳона байни пайравони Ато Муҳаммади Нур ва гурӯҳи “Толибон” хабар медиҳанд

Пас аз ин таркиш дар минтақаи Дашти Шӯр ва Кортаи сулҳи шаҳри Мазори Шариф як даргирӣ ба вуқуъ пайваст, ки гуфта мешавад, миёни афроди Устод Атомуҳаммади Нур ва Толибон сурат гирифта аст. Дар натиҷаи задухурди мазкур Суҳайл Замарӣ набераи амаки Ато Муҳаммади Нур ба ҳалокат расидааст.

Гуруҳи террористии ДОИШ* масъулияти ҳамла бар масҷиди шиаҳо дар Мазори Шарифро ба ӯҳда гирифт.

19 апрел ДОИШ дар ду муассисаи таълимии ҳазораҳо дар минтақаи Дашти Барчии ғарби Кобул ду ҳамлаи интиҳорӣ анҷом дода, ҳудуди 60 нафар, умдатан мактабхонҳоро куштаву захмӣ кард.

Фараж

*ДОИШ – Гуруҳи террористии мамнуъ дар Тоҷикистон

* Вилояти Хуросон – Гуруҳи террористии мамнуъ дар Тоҷикистон

“Толибон” – Гуруҳи террористии мамнуъ дар Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь