Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон аз ҳисоби пурра иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷуён зиёда аз як миллион сомонӣ зарари молиявӣ дидааст. Дар ин бора ректори донишкадаи мазкур Исозода Диловар иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки имсол бояд тибқи нақша Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 806 донишҷӯ қабул мекард, мутаассифона, ҳамагӣ 409 донишҷӯ қабул карда шуд, ки ин 50,49 дарсади нақшаи қабулро ташкил медиҳад ва аз ин ҳисоб донишкада беш аз як миллион сомонӣ зарар дидааст.
Ӯ афзуд, ки омили асосии пурра таъин нагардидани нақшаи қабули донишҷуён интихоби нодурусти касб, кам будани талабот ҷавонон ба фанҳои дақиқ ва дигар сабабҳо мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки таъмини донишҷуён ба гуруҳои буҷавӣ хуб аст, танҳо гуруҳои шартномавӣ пурра иҷро немешавад.