Директори муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода бо амри Президент Эмомалӣ Раҳмон аз 15-уми августи соли 2017 аз вазифааш озод карда шуд.

Дар амр чизе аз сабаби барканории Назарзода гуфта нашудааст, аммо дар хабар аст, ки ӯро барои нақзи қонуни танзим аз мансаб озод кардаанд. Гуфта мешавад, ки Назарзода дар тӯйи арӯсии писараш шумораи зиёди меҳмононро даъват кардааст, ки ин боиси интиқоди ӯ аз ҷониби масъулини ин ниҳод тариқи телевизиони марказӣ шудааст. Назарзода ин иттиҳомро рад карда, дар як муроҷиат ба хонандагони саҳифаҳои иҷтимоии интернет гуфт, ки ӯ қонунро нақз накардааст. Масъули тӯй ҷониби арӯс будааст ва онҳо меҳмононро даъват кардаанд.

Новобаста аз ин ва дар ҳоле, ки пешниҳодҳои нав ба қонуни танзим аз ҷониби вакилон пазируфта нашудааст, ин мансабдори давлатӣ аз вазифааш озод карда шудааст.

Дар қонуни тағйиршудаи танзим, ки бояд рӯзи 23-юми август аз ҷониби вакилони парламент баррасӣ гардад, гуфта шудааст, ки аъзои ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.

Зимнан, Мирализода Абдусалом Мустафо ба амри Президент директори нави муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ таъйин шуд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь