21-уми феврал дар асосӣ фармони президенти кишвар дар мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот тағироти кадрӣ ба вуқуъ омад, ки ба гуфти коршиносон “ҷойивазкунии кадр”-ҳост.

Саидзода Раҳимҷон Ҳамро, ки пештар дар вазифаи раиси филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар Душанбе кор мекард. Ба вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Ӯ дар ин вазифа Имомзода Муҳаммадюсуфро иваз намуд. Сабаби аз вазифа рафтани Имомзодаро ба кори дигар гузаштан навиштаанд.

Дар пайи иваз шудани вазири маориф сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон низ аз вазифа барканор шудааст. Олими Ашӯралӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, аз мансаб барканор шуда, ба ҷойи ӯ Ғазалшо Сафарзода, ки то инҷониб роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлонро ба ӯҳда дошт, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон таъйин карда шуд.

Дар ин баробар муовини аввали вазири маориф Муҳаммаддовуд Саломиён аз вазифа барканор гардид.

Ҷамшед Ҷӯразода ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба ҷои Саломиён ба вазифаи муовини аввали вазири маориф омадааст.

Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Хайрзода Шукруллоро иваз намуд.

Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд. Хайрзода Шукрулло дар ин вазифа ба ҷои Нуралӣ Собирзода омадааст.

Дар баробари дигар муовинон Диловар Қодирзода низ аз вазифа барканор шудааст. Абдухолиқзода Лутфия муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъйин гардид. Абдухолиқзода аз 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ғанизода Гулчеҳра Самӣ муовини дигари вазири маориф низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифааш озод карда шуд.

Писари собиқ вазири маориф ва раиси ҳозираи Кумитаи телевизион ва радиоро низ дар пайи ин тағйирот аз вазифааш дур кардаанд. Шоҳин Саидзода то замони барканории худ дар вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф кор мекард.

Дар пайӣ тағйиротҳо дар маориф инчунин Икромӣ Хуршед аз вазифаи директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тестӣ  озод гардид. Ба ҷойи ӯ Ҷаъфарзода Сабзаалӣ директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тестӣ таъйин шуд. Ҷаъфарзода то ин замон дар вазифаи муовини директори муассисаи мазкур кор мекард. Ба Хуршед Икромӣ вазифаи нав дода мешавад, ё не, то ҳанӯз номаълум аст. Дар пайи ин тағйирот Раҳмонзода Маҳмадалӣ аз вазиифаи муовини раиси Маркази миллии тестӣ озод карда шуд.

Инчунин, муовинони раиси Кумитаи кор бо ҷавонон низ иваз шуданд. Дилшод Назаров ва Дилноза Аҳмадзода муовинони раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз вазифаҳои худ рафтанд.

Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии хизмати давлатӣ озод карда шуд.

Дилноза Аҳмадзода ба вазифаи  муовин Агентии хизмати давлатӣ таъйин гардидааст. Ба ҷойи ӯ Парвиз Сабирзода ба ин вазифа омадааст.

Дилшод Назаров ба вазифаи муовини Кумитаи миллии олимпӣ гузашт.  Сураҷ Чоршанбезода муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъйин гардид. Пештар Чоршанбезода дар вазифаи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ кор мекард. Шабнам Раҳимзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъйин гардид.

Сардори раёсати гумрук дар вилояти Суғд Баҳром Исматтулоев низ аз вазифа барканор шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь