Дар пайи тағйирот ва таъиноти кадрӣ боз чанд раиси корхонаву ноҳияҳо аз вазифа озод карда шуданд. Дар ин бора имрӯз, 27-уми январ, маркази матбуоти президенти кишвар хабар дод.

Ба навиштаи дафтари матбуотӣ раисони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва Роғун аз вазифа озод карда шудаанд.

Дар ин баробар, раиси Кумитаи рушди маҳал, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», директори Маркази тадқиқоти стратегӣ низ аз вазифа озод кардаанд.

Табарзода Ҷамшед, ки то ин замон дар вазифаи директори генералии корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ифои вазифа мекард, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе таъин гардидааст. Дар ин азифа ӯ Қурбонзода Амирхонро иваз кард. Қурбонзода ба ҳайси муовини аввали раиси вилояти Хатлон таъйин гардид.

Тағйирот инчунин дар ҳайати роҳбарикунандаи Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” ва КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” сурат гирифтааст. Дар ин ниҳодҳо раис ва муовинон иваз шудаанд.

То кунун номҳои раисони нави сохторҳои дар боло зикр гардида маълум нашудааст.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Хабар такмил мешавад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь