Дар Рӯзи модар сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба дидорбинии зани 110-сола  аз ноҳияи Темурмалик, ки соҳиби 7 фарзанд, 38 набера, 14 абера ва 4 чабера мебошад, рафт.

Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд, дар Рӯзи модар дар асоси дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид гуруҳи корӣ бо роҳбарии сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ба аёдати модари 110-сола Салимова Фотима ба ноҳияи Темурмалик рафт. Гуруҳи кориро раиси ноҳияи мазкур ва дигар масъулон ҳамкорӣ намуданд.

Ғазалшоҳ Сафарзода аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид модари 110-сола Салимова Фотимаро, ки ҳоло соҳиби 7 фарзанд, 38 набера, 14 абера ва 4 чабера мебошад, ба муносибати Рӯзи модар шодбош гуфта, туҳфаи хотиравиро тақдим кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь