Имрӯз озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон – 2021» оғоз гардид, ки дар он то 13-уми январ 5 довталаб аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ширкат варзида, маҳорату малакаи корбарӣ ва дониши педагогии худро нишон медиҳанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар маросими ифтитоҳи озмуни мазкур вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсат, шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва довталабони озмун ширкат карданд.
Муҳаммадюсуф Имомзода зикр кард, ки мақсади асосии озмун, баланд бардоштани мақоми таҳсили томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, таъмин ва такмили мазмуни тахсилоти томактабӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», ҳамзамон дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа мебошад.
Зикр шуд, ки озмуни имсола дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо ҷамъбаст гардида, беҳтарин довталабон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар даври ниҳоӣ мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ Гулру Гулбекова, мураббияи муассисаи томактабии №24-и шаҳри Бохтар Тахмина Абдуалиева, мураббияи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд Мунира Ризоева, мураббияи муассисаи томактабии №64-и шаҳри Душанбе Фирӯза Ғаниева, мураббияи муассисаи томактабии №1-и шаҳри Турсунзода Маҳбуба Пулодова иштирок намуда, тибқи шартҳои пешбининамудаи низомномаи озмун ҳунару маҳорат нишон медиҳанд.