Масҷиди деҳаи Меҳробод (собиқ Учқул)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, ки раиси бахши танзими ҷамоат Шокир Холдоров онро бастан мехост, дар асл  ҳуҷҷати расмии фаъолият доштааст, аммо дар феҳристи ҳамчун масҷид дохил карда нашудааст.

Раиси ҷамоати Чоряккорон Хосият Кенҷаева дар суҳбат бо мо гуфт, масҷиди деҳаи Меҳробод сертификату қарори Ҳукумат ва раиси ноҳияи Рӯдакиро барои фаъолият кардан дорад, вале маълум нест, ки ин воқеа чӣ хел рух додааст.

Ба гуфтаи Кенҷаева, рӯзи 9-уми октябр намояндагони амният ба деҳаи Меҳробод рафта, фаъолияти масҷидро мавриди тафтиш қарор додаанд, аммо ӯ аз ҷузъиёти воқеа ва суҳбати масъулони амният бо мардум бехабар будааст.

Сокинони деҳаи Меҳрободи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ шоми 9-уми октябр ба расонаҳо хабар доданд, бо амри мақомоти милисаи ноҳия ба дари масҷидашон қуфл задаанд. Ба гуфтаи истиқоматкунандагони деҳа, ин ҳодиса нимаи дуюми рӯзи шанбеи 7 октябр рух додааст ва рӯзи 8 октябр намояндагони ҳукумати ноҳия омада, асноди масҷидро санҷидаанд ва камбудие дар он наёфтаанд.

Раиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода дар суҳбат бо қарору сертификат доштани масҷидро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, ин як даврае будааст, ки мардум муроҷиат мекарданд ва чунин санадҳо дода мешуданд, вале баъдан ин масҷид ба талаботи мақомоти ваколатдор ҳамчун масҷид ғайри қобили қабул дониста шуда, ба қайд гирифта нашудааст.

– Вақте дар феҳристи мақомоти ваколатдор ҳамчун масҷид дохил нагардидааст, новобаста аз сертификату қарор он ғайрирасмӣ дониста мешавад, – илова кард Давлатзода.

Давлатзода аз ҷониби мақомот боздошт шудани Холдоровро рад карда гуфт: “Ӯ ягон ҷинояте содир накардааст, ки боздошт шавад. Қазия аз ҷониби мақомоти интизомӣ санҷида мешавад. Мусаллам аст, ки дар қонунгузорӣ ба ҳамчунин кирдорҳои хизматчиёни давлатӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ягон чораи интизомӣ андешидаву татбиқ хоҳад шуд. Чунин масъалаҳо аксар вақт якҷониба расонаӣ мешаванд, ки нодуруст аст”.

Кӯшишу талоши мо барои суҳбат бо худи мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҷамоати Чоряккорон Шокир Холдоров новобаста аз зангҳои бешумор дар давоми рӯз бенатиҷа анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки чанд пеш дар паҳнои интернет сабти бархӯрди Шокир Холдоров бо намозгузорони масҷид нашр шуда буд, ки дар он ин мақомдори давлатӣ бо лаҳни зишт ва дашномҳои қабеҳ амри бастани масҷидро мекунад.

Шамсулло Фозилов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь