Бонки Эсхата имконияти навро барои мизоҷонаш пешниҳод мекунад. Акнун бахши нави “Пасандозҳо” дар бонки мобилии “Эсхата Онлайн” ҷорӣ карда шуд, ки мизоҷ метавонад, мустақилона, бе омадан ба бонк суратҳисоби пасандозиро кушояд.
Пасандози оптималӣ ва бароятон мувфоиқро дар асоси нақшаҳоятон интихоб намуда, ҳангоми пур кардани маълумот бо истифода аз раванди соддаву фаҳмо пасандозро кушоед.
Чи гуна афзалиятҳоро номбар кардан мумкин аст?
- Шартномаи пасандозро фавран пас аз кушодани суратҳисоби пасандозӣ дидан, зеркашӣ кардан, сабт кардан, тавассути суроғаи электронӣ ё бо истифода аз ягон мессенҷер фиристодан мумкин аст. Акнун барои бастани шартнома ба филиали бонк рафтан шарт нест.
- Даромад ва фоизи пасандоз ҳангоми тағир додани параметрҳои муҳлат ва маблағи пасандоз ба таври автоматикӣ ҳисоб карда мешаванд. Мизоҷ даромади эҳтимолии худро фавран мебинад.
- Хусусиятҳои асосии пасандоз –фоизи хуб, имконияти гирифтан ва пур кардани он, мӯҳлати ҳадди аққал ва маблағ – дар саҳифаи асосии бахши пасандозҳо инъикос мегардад.
- Ҳама амалиётҳо тибқи созишнома – кушодан, ҳисоб кардани фоизҳо, амалиётҳо вобаста ба пасандоз, қобилияти зеркашии иқтибос аз суратҳисоби амалиёт дар “Эсхата онлайн” мавҷуданд.
“Мо кӯшиш кардем, то ки раванди кушодан ва идоракунии пасандозро ба қадри имкон содда кунем, аз ин рӯ амалиёт бидуни ташриф ба бонк ва батариқи онлайн дастрас аст. Агар дар “Эсхата Онлайн” амалиёти кушодани пасандоз инъикос нагардад, пас барномаи мобилиро навсозӣ кунед (обновить) – иброз дошт Сардори Департаменти тиҷорати рақамӣ Сайдуллохоҷа Насуллоев.
Бо роҳнамои кушодани пасандоз дар ин ҷо шинос шавед: https://www.eskhata.com/about/news/5848/