Ду дузд, яке мард ва дигаре зан, яке дар шимол ва дигаре дар ҷануби Тоҷикистон, дастгир шудаанд, ки аввалӣ дузди моҳиру таҷрибадор ва дуюмӣ алҳол шогирди ин «мактаб» будааст. Аз дастгир шудани онҳо маркази матбуоти ВКД хабар дод.
Ба мақомоти милитсияи шаҳри Бӯстон муяссар гардидааст, ки пеши роҳи дузди корозмудаеро гиранд, ки аз чапдастиҳои ӯ соҳиби 24 манзили истиқоматӣ ва 1 мағозаи хӯрокворӣ зарар дидааст. Шаҳрванд Азимов Назим Юсуф-уғлӣ соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон танҳо дар ду ҳолат баъди ғайриқонунӣ ворид шудан ба манзилҳои истиқоматӣ аз онҷо дасти холӣ баромадааст. Дар боқимонда 23 ҳолати ҷиноятӣ дар баробари пули нақду тилловорӣ, ашё ва таҷҳизоти маишии техникиро тасарруф кардааст. Зарари ба шаҳрвандон расонидашуда дар умум аз 150 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дуздиҳо аз моҳи ноябри соли 2019 инҷониб то лаҳзаи боздошт гардидани гумонбаршуда, моҳи ноябри соли 2020, асосан шабона содир шудаанд. Сокинони маҳаллаҳои Ғалаба, Носири Хисрав, Мирсаид Миршакар, Раҷаб Қурбонов, Мирзо Турсунзода ва аз ҳама бештар Маҳаллаи Нави шаҳри Бӯстон аз чапдастиҳои Азимов Назим Юсуф-уғлӣ зарар дидаанд.
Пеш аз ворид шудан ба манзилҳои истиқоматӣ гумонбаршуда дар дами дарвоза соҳибони хонаро овоз дода даъват мекард, агар касе даъватро шунида наздаш меомад, бо ҳар баҳона дур мешуд. Дар акси ҳол, яъне агар соҳибхона ҷавоб намедод, маънои онро дошт, ки дар хона касе нест. Роҳи воридшавиро пайдо карда, ба мақсад мерасид.
Гумонбаршуда Назим Юсуф-уғлӣ бе тайёрии пешакӣ бо услуби интихоби тахминӣ манзилҳои истиқоматиро ҳадаф қарор додааст. Ҷабрдидаҳои пулу молашон тасарруфшуда ҳавлинишинҳо ва ҳам сокинони баландошёна мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи зани 41-солаи сокини деҳаи Корези поёни шаҳри мазкур ворид гардид, ки 20-уми ноябри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 7 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 26-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.