Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2024 аз 26-уми июл то 11-уми август баргузор мешавад. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10 500 варзишгар аз 206 кишвари ҷаҳон дар назар мебошад. Варзишгарон барои 329 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд.

Дар ин чорабинӣ, ки дар чор сол як маротиба доир мешавад, варзишгарони тоҷик иштирок ва барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпї 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштии тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ менамоянд. Темур Раҳимов парчамбардори ҳайати олимпии Тоҷикистон таъйин гардидаст.

Дар баробари Темур Раҳимов дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ инчунин 5 ҷудокори дигари тоҷик, аз он ҷумла Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг иштирок хоҳанд кард. Дар риштаи бокс давлати моро се муштзани соҳибмалака Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг, Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг ва Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг муаррифӣ мекунанд.

Екатерина Бордачёва ва Фахриддин Мадкамов дар шиноварии тарзи озод ба масофаҳои кӯтоҳ – 50 ва 100 метр, Фаворис Музрапов дар варзиши сабук, дав ба масофаи 100 метр тариқи саҳмияи уневерсалии Федератсияи байналмиллалии шиноварӣ ба Париж мераванд. Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо дар вазни +67 кило ва Виктор Рассадин дар риштаи гӯштини озод дар вазни то 74 кило дар рӯзҳои наздик ба Париж хоҳанд рафт.

Ба варзишгароне, ки дар олимпиадаи Париж-2024 медали тило мегиранд, ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, барандагони нишони нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад. Инчунин бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандаи медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра — дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ — якҳуҷрагӣ хоҳанд гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь