Собиқ дарвозабони дастаи мунтахаби футболи Туркия Ришту Реҷбер, ки барои санҷиши сирояти коронавирус дар қарантин қарор дошт, аз беморхона рухсат шудааст. Инро ҳамсари дарвозабон Иншал дар саҳифаи Инстаграм эълон кард.

– Пас аз 11 рӯзи бистарии вазнин будан, билохира ҳамсарамро аз беморхона ҷавоб медиҳанд. Ман аз ин хушҳолам, аммо бисёр одамон ҳоло ҳам дар беморхонаанд, – навиштааст ҳамсари Реҷбер.

Рршту Реҷбери 46-сола, 31-уми март бо сирояти коронавирус дар беморхона бистарӣ гардида буд. ВАО-и Туркия хабар дода буданд, ки дарвозабони собиқ дар ҳолати вазнин қарор дорад. Бино ба иттилои Мarca, Реҷбер қаблан аз Амрико омада буд.

Вай дар ҳайати тими Туркия 120 бозӣ анҷом дода, дар Ҷоми ҷаҳон-2002 ва Чемпионати Аврупо-2008 медали биринҷӣ ба даст овардааст. Дар сатҳи клуб Ришту Реҷбер дар “Бешиктош”, “Фенербахче”, “Анталя-спорт”, инчунин “Барселона” бозӣ кардааст. Ришту дар Туркия шаш маротиба чемпион ва ду бор ғолиби Ҷом шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь