6-уми май дили журналисти маъруф, шоир, собиқ сардабири нашрияи “Боҷу хироҷ” Исматулло Ибодов, дар синни 67-солагӣ, аз тапидан бозмонд.
Исматулло Ибодов 25-уми феврали соли 1952 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ як муддат дар нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) фаъолияти пурсамар дошт. Маҳз бо кӯшиши ӯ соҳаи андози кишвар соҳиби нашрия шуд, ки “Паёми андоз” ном дошт ва онро Ибодов бо гуруҳи худ созмон дода буд.
Исматулло Ибодов дар баробари журналистӣ шеър ҳам менавишт ва узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. Шеърҳояш дар маҷмӯаи “Осмони чашм” ва девони ашъор бо номи “Марвориде аз дарёи ақл” нашр шудаанд.
Ҷанозаи Исматулло Ибодов дирӯз дар деҳаи Тангаии шаҳри Ваҳдат баргузор шуд.
Маркази тадқиқоти журналистӣ ин талафотро ба ҳамкасбон, хешону наздикони марҳум таслият мегӯяд. Рӯҳаш шод ва хонаи охираташ обод бод!