Субҳи имрӯз журналисти маъруф ва адабиётшиноси мумтоз Асрори Раҳмонфари Сомонӣ дар синни 71-солагӣ дар шаҳри Душанбе пас аз беморӣ аз дунё даргузашт.

Асрори Раҳмонфар дастпарвари факултети филологияи тоҷики (гуруҳи журналистии) Университети давлатии Тоҷикистон аст, ки солҳои зиёд дар журналистикаи тоҷик кор кардааст. Дар адабиёт ҳам дасти тамом дошт ва пажуҳишҳои зиёде анҷом додааст. Шеър ҳам менавишт. То дами марг корманди Маркази мероси хаттии  назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.

Маросими видоъ бо ӯ имрӯз дар Душанбе баргузор мешавад. Ҷанозаашро дар қабристони Сариосиё ба хок хоҳанд дод.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги ҳампешаи гиромӣ андуҳгин буда, ин талафотро бо ҷомеаи журналистӣ ва аҳли байти марҳум таслият мегӯяд. Макони охирати марҳум биҳишт бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь