Расонаҳои эронӣ аз даргузашти шоири маъруфи форс Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя хабар доданд, ки дар сини 95-солагӣ бар асари як беморӣ аз дунё рафтааст. Гуфта мешавад Соя бо беморӣ дар як бемористони Кёлни Олмон бистарӣ будааст.

Амир Ҳушанги Ибтиҳоҷ‎, мутахаллис ба Ҳ,И.Соя, 25 феврали 1928 дар Рашти устони Гелони Эрон ба дунё омадааст, ки аз беҳтарин ғазалсароёни муосири Эрон ба шумор мерафт. Пас аз он, ки таҳсилоти худро дар он шаҳр ба поён расонид, ҳамроҳи хонаводааш роҳии Теҳрон шуд.

Ғазали ӯ, ки аз ранги иҷтимои бисёр зарифе моя мегирад, ёдовари сурудаҳои дилкаши ғазалсароёни номии шеъри классикӣ аст. Дар нахустин дафтари шеъри худ — «Нахустин нағмаҳо» Соя бештар аз Ҳофиз таъсир пазируфтааст, аммо дар дафтари баъдии худ — «Сароб» тақрибан ба навъе ба истиқлол расидааст.

Осори ӯ иборат аз «Нахустин нағмаҳо», «Сароб», «Сиёҳмашқ», «Шабгир», «Замин», «Чанд барг аз ялдо», «Сиёҳмашқи 1, 2, 3», «Ойина дар ойина», «Ёдгори сарви хун», «Девони ашъор» аст.

Ёду номи шоир гиромӣ бод! Маъвояш биҳишт ва рӯҳаш дар оромиш бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь