Сармуҳосиби собиқи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Ҳоҷӣ-Партобхӯҷа Алимов, ки аз замони таъсисёбии марказ (2005) то соли 2014 дар он фаъолият мекард, шаби гузашта, дар синни 67-солагӣ дунёи фониро падруд гуфт.
Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз, 27-уми декабр, пас аз намози пешин дар масҷиди Яккачинори Душанбе баргузор гардид ва дар қабристони маҳаллаи Меҳробод (собиқ Каленин) ба хок супурда шуд.
Чуноне ки Бахтиёр Алимов, фарзанди шодравон Партобхӯҷа Алимов, изҳор дошт, марҳум то дами марг сиҳату саломат буд ва шикояте аз вазъи саломатӣ надошт.
Дар маросими ҷанозаи марҳум аз минтақаҳои дуру наздики кишвар хешу табор, дӯстони қадрдон ширкат доштанд ва ҳама аз хоксориву ростқавлӣ, кордонию тақводории шодравон Партобхӯҷа Алимов тавсиф мекарданд.
МТЖТ ба Бахтиёр Алимов, сармуҳосиби марказ нисбати даргузашти падараш таслият изҳор мекунад ва аз Худованд барои шодравон охирати обод таманно менамояд.