Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, руҳонии маъруф, суханвар ва ровии машҳур, субҳи имрӯз дар синни 70-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Маросими видоъ ва намози ҷанозаи ӯ зуҳри имрӯз дар Душанбе баргузор мешавад.

Исмоил Абдуллоев (ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода) наттоқ ва ровии моҳир, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Ҳисор буд. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон , Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2008), барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А.Лоҳутӣ (2010), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012), дорандаи медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2012), унвони «Падидаи сол» (2010) буд.

Исмоил Пирмуҳаммадзода 1 июли 1952 дар деҳаи Санги Кулӯла, ноҳияи Сарихосор, вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Соҳиби таҳсилоти олист. Исмоил Пирмуҳаммадзода наттоқ ва ровии моҳир буда, садои шевои гӯшнавозаш дар хазинаи тиллоии радио сабт ёфтааст, дар радиои ҷумҳурӣ дар хондани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ, осори Мирзо Бедил, осори устод Рӯдакӣ, «Аз ҳаёт ва фаъолияти халифаи одил Умари Абдулазиз» наттоқӣ кардааст. Исмоил Пирмуҳаммадзода аз соли 1991 имом-хатиби Маcҷиди марказии ноҳияи Ҳисор ба номи Муҳаммад мебошад. Исмоил Пирмуҳаммадзода маслиҳатгар ва раҳнамои мардум буд, суханонашро бо аҳодис ва абёти бузургон тақвият бахшида, шунавандагонро ба хушсуханиву накӯкорӣ даъват мекард. Исмоил Пирмуҳаммадзода ба асппарварӣ ва варзиши аспдавонӣ шавқ буд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон даргузашти ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзодара ба наздикону ҳаводоронаш таслият мегӯяд. Равони марҳум шод ва хонаи охираташ обод бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь