Домулло Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз олимони соҳибкитоб ва соҳибкаромоти маъруф ва машҳур дар Тоҷикистон ва минтақа, соати 11-и шаби 13-уми апрели соли 2021, дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод, дар синни 80, ба раҳмати Ҳақ пайваст.
Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳ олим ва донишманди фиқҳи исломӣ, хусусан мазҳаби ҳанафия, адиб, муаллифи чандин асарҳои илмиву адабӣ, муррабӣ ва шахсияти барҷастаи динӣ дар кишвар ва берун аз он эътироф шудааст.
Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ роҷеъ ба зиндагинома ва осори худ навиштае дорад, ки ин аст:
“Ин банда фақир илла лутфии Раббуҳу Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳ дар қарияи Деҳи Ғилмони вилояти Қаротегин ба таърихи1941 милодӣ дар хонаводаи деҳқон чашм ба олами зуҳур кушуд. Падари бузургвораш деҳқони асил ва илмдӯст буданд. Ҳама фарзандонро ба хондан ва донистани ахлоқи шаръӣ тарғиб менамуданд ва ин фақир назди ҷаддаи худ (модарбузург), раҳмати Худо бар ӯ бод, дар хурдсолӣ хондани Қуръон ва саводхонии форсиро таълим гирифта будам. “Чаҳоркитоб”, “Каримо”, “Панҷганҷ”, девони Ҳофиз ва дигар китобҳоро мехондам…
Ба таърихи 1952 ба вилояти Қӯрғонтеппа ҳиҷрат овардем. Ин ҷо уламои шаръ бисёр буданд. Бародарбузурги мо Неъматуллоҳ, рӯҳаш шоду ғарқи раҳмати илоҳӣ бод, моро ба хондани улуми дин ва арабӣ таъкид карданд… Билохира, бар ҳузури пуранвори ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷони Хӯқандӣ расидам ва бақияи улумро он ҷо ба камол расондам…
Ба таърихи 1964 милодӣ аз назди ҳазрати Мавлавӣ устод рухсат ёфта, ба тарафи Арал, ноҳияи Ҷомии ҳозира, рафтем. Ҳазрати Мавлавӣ фармуданд: – Баъд аз дарёфти улуми зоҳирӣ ба улуми маонӣ бояд пардозӣ ва ба ҳузури саросар нур Ҳазрати Эшони Абдураҳмон ибни Эшони Порсохоҷа рафта, адаби хидмат ба ҷо орӣ. Мудате ба хидмат мерафтем ва баракати суҳбат дарёфтем ва ба дуои хайр ва баракату назри покон ноил гардидем…”.
Гуфта мешавад, беш аз як сол буд, ки домулло аз беморӣ азият мекашид. Маъруфтияти ӯ марзҳои Тоҷикистонро убур карда буд. Ҳаводорони бешумори Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳи Тоҷикободӣ мардуми қирғизу ӯзбаку қазоқ ва ҳатто русҳо низ буданд ва барои гирифтани як каф дуо ба дидори эшон меомаданд. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки шоҳкориҳои ӯ барои насли имрӯза ва оянда бисёр манфиатовар ва мондагоранд.
Даргузашти ҳазрати домуллоро ба наздикону пайравону муридонашон ва ҷомеаи Тоҷикистон таслият арз мекунем. Манзили охираташ обод, равонаш шод ва мақомаш биҳишти ҷовидон бод!