30-юми ноябр Низорамоҳ Зарипова, аз шахсиятҳои маъруфи кишвар, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, дар синни 101-солагӣ аз дунё даргузашт.
Низорамоҳ Зарипова солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни мақомоти роҳбарикунанда ба давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда буд.
Низорамоҳ Зарифова (Зарифова Низорамоҳ Одинаевна 6 ноябр 1923 дар Пушёни Поёни Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҳоло Ховалинги Тоҷикистон) ба дунё омадааст. Падараш Одина Махсум (1896—1928) дар деҳаи Мазори Ҳазрати Султон ба дунё омадааст. Ӯ шахси донишманд ва коргар буд. Модараш Шарифамоҳ зодаи деҳаи Шехвесӣ, ҳамчун бонуи ҳунарманд байни мардум маҳбубият дошт. Хонаводаи онҳо барвақт аз Ховалинг ба деҳаи Пушёни Поён кӯчиданд. Дар 6-солагии ӯ падараш дунё гузашт. Низорамоҳу бардодараш Абдулазизи 10-сола ва хоҳараш Рухсорамоҳи 6-моҳа дар тарбияи модараш Шарифамоҳ монданд. Баъдтар модараш ба Зариф ном сокини ҳамин деҳа хонадор шуда, аз онҳо Тоҷинисову Зебунисо ва Меҳринисо ба дунё омаданд. Дар тарбияи ин ӯ саҳми падарандараш Зариф бузург буд ва номи хонаводагиашро ҳам аз ӯ гирифт.
Низорамоҳ дар соли 1941 Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб хатм кардааст. Ва аз соли 1946 узви ҲКИШ буд.
Мудири шуъбаи кадрҳои Комиҷрояи Кӯлоб (1941—1945), мудири шуъбаи мактабҳои Комитети комсомолии вилояти Кӯлоб (1945—1947), мудири шуъбаи занони Комитети ҳизбии вилояти Кӯлоб (1947—1952) шуда кор кардааст. Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ-ро хатм карда (1955), мудири шуъбаи занони КМ ҲК Тоҷикистон таъйин мегардад. Аз соли 1966 то соли 1986 ҷонишини раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд. Вакили Анҷумани XXII ҲКИШ. Узви Пленуми Комитети занони Шӯравӣ, узви Шӯрои Федератсияи байналхалқии занон буд.
Низорамоҳ Зарифова вакили Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 5-6) ва вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 4,6,8,9) буд.
Ба ду ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ», 3 медал ва ифтихорномаҳои Раёсатҳои Шӯрои Олии ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон қадр шудааст.