Субҳи имрӯз дили аксбардори маъруфи тоҷик Аҳлиддин Исоев аз задан бозмонд. Исоев 70 сол дошт, ки дар шаҳри Душанбе  ҷон додааст.

Исоев Аҳлиддин Қудратуллоевич 3 июли соли 1951 дар ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиаш баъди хатми Омӯзишгоҳи касбӣ – техникии рақами 49-и шаҳри Душанбе (1970) ба сифати мухбири суратгир дар рӯзномаи «Ҳақиқат»-и ноҳияи Ленин оғоз ёфта, то замони даъват ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС (1973) идома ёфтааст. Баъди бозгашт аз хизмати ҳарбӣ дар вазифаҳои суратгири стансияи Маркази натуралистони ҷавони шаҳри Душанбе (1975 – 1977), мухбири суратгири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1977 – 1988), мухбири суратгири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») (1988 – 2007) кор кардааст. Ҳамзамон аз соли 2001 то соли 2007 ба сифати мухбири суратгир дар рӯзномаи «Садои мардум» фаъолият меварзид.

Аз соли 2007 пурра ба рӯзномаи «Садои мардум» ба кор гузашт ва соли 2017 ба нафақа баромадааст.

Барои хизматҳои шоёнаш бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуда, соли 2013 ба унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардидааст.

Аҳлиддин Исоев узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин талафотро ба пайвандону наздикони марҳум ва кулли журналистони кишвар таслият мегӯяд. Хонаи охирати марҳум обод бошад!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь