Мирзо Шукурзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқҳои нависандагон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006) ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999) дар 75-солагӣ аз дунё даргузашт.

Мирзо Шукурзода 1 сентябри соли 1949 дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1966 мактаби миёнаи зодгоҳашро ба поён расонда, дар ҳамин мактаб ду сол (1966—1968) омӯзгорӣ кардааст ва нахустин навиштаҳояш аз ҳамон айём дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд.

Ишқи сухан, муҳаббати адабиёту матбуот ӯро ба машҳуртарин даргоҳи маърифати кишвар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон овард. Соли 1973 бахши рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики донишгоҳи мазкурро ба поён расонд ва дар бахши гуфторҳои адабию драмавии Радиои ҷумҳурӣ, рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1973—1982), интишороти «Адиб» (1983—1984) ба фаъолияти журналистӣ ва адабӣ пардохтааст.

Нахустин очерки ҳуҷҷатияш «Баҳодури Дилварзин» (дар ҳамкорӣ бо Мулло Боқӣ) соли 1976 ва китоби очерку мақолаҳояш «Ситораҳои рахшанда» соли 1986, маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои мусаннадаш «Теғи ҷонбахш» соли 1989 дар нашриёти «Адиб» интишор шудаанд.

Дувоздаҳ сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (1992—2004) ва Афғонистон (1985—1977) фаъолият кардааст. Мавсуф дар ин давра ва баъди он худфарсоёна заҳмат кашида, ба алифбои ниёкон ва кирилӣ дар Кобул ва Теҳрону Душанбе ва Пешовари Покистон 20 китоби илмӣ ва пажӯҳишӣ ба чоп расондааст, ки «Тоҷикон дар масири таърих» (1994, 1997, 2006), «Кӯҳкане аз користони дил» (1992, 2001), «Парниёну ҳариру абрешим» (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ; 2002), «Ҷонпайванд» (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ; 2006), «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно» (30 мақола роҷеъ ба тоҷикон ва таъриху фарҳанги онон; 2006, 2007, 2009), «Ашки сари мижгони ман» (маҷмӯаи шеърҳо; 2004), «Тоҷикон, ориёиҳо ва фалоти Эрон» (маҷмӯаи мақолаҳо дар бораи тоҷикону ориёиёну эрониён; 1999, 2001, 2003), «Себи Самарқанд» (гулчини ҳазор рубоӣ аз фолклори тоҷик; 2001, 2008), «Ҳамосаи родмардони Хуросон» (2008), «Кимиёгари дурри дарӣ» (ба забонҳои форсӣ, русӣ ва инглисӣ, 2009), «Размоварони Ҳиндукуш» (2009) ва «Тӯшаи умри падар» (2013) аз он ҷумлаанд.

Ҳамчунин, «Наводири Зиёия»-и Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (1997), эпоси қирғизии «Манас» (1977), баргузидаи ашъори устод Лоиқ «Рӯҳи Рахш» (1999), маҷмӯаҳои «Ашки тӯфон» (1994) ва «Гулчини ашъор»-и хонум Гулрухсор (2001), рисолаҳои «Ғарбзадагӣ»-и Ҷалоли Оли Аҳмад (2008), «Қуръон ва табиат»-и Муртазо Мутақаррӣ (1996, 2014), «Масъалаи ҳиҷоб»-и ҳамин муаллиф (1998) дар баргардону таҳияи мавсуф дастраси тоҷикону эрониён гардонида шудаанд. Барои «Донишномаи адаби форсӣ» (Теҳрон, 1996) беш аз 500 мақола навиштааст. Дар соли 2014 таълифи романеро таҳти унвони «Тӯфони тавсан» ба поён расонд, ки бобҳое аз ин роман дар моҳномаи «Садои Шарқ» (№ 11) интишор ёфт.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз даргузашти устод андуҳгин буда, ин талафотро ба наздикону пайвандони ӯ ва кулли мардуми Тоҷикистон таслият мегӯяд. Маъвои устод Мирзо Шукурзода биҳишт бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь