Дар ин бора вазири сиҳати оммаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Шодмонов баъд аз зӯҳри 10 март тайи як нишасти хабарӣ эълом дошт. Вай бо такя ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ илова кард, ки дар саросари олам  11 ҳазору 41 нафар ба коронавирус (COVID-19) сироят шудаанд ва 4 ҳазору 6 нафари онҳо ҷон бохтаанд.

– Дар айни ҳол 105 кишвари ҷаҳон бо ин вирус мубориза мебаранд. 64 ҳазор нафар мавриди муолиҷаи табибон қарор доранд. Дар Ӯзбекистон сироят шудани ягон шаҳрванд ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин, бояд дастаҷамъӣ алайҳи он муборизаро шиддат бахшид, зеро сирояти коронавирус кори басо хатарнок аст, – изҳор кард Алишер Шодмонов.

Ба таъкиди вазири сиҳати оммаи Ӯзбекистон се кишвари дунёро сирояти коронавирус сахт нигарон сохтааст. Ин кишварҳо Италия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии исломии Эрон мебошанд. Алишер Шодмонов тазаккур дод, ки вазъ дар ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла, Ӯзбекистон низ нигаронкунанда боқӣ хоҳад монд. Вай гуфт, ин дар ҳолест, ки вазъият дар кулл рӯ ба беҳбуд овардааст, аммо дар як қатор кишварҳои олам хатари сироятшавии одамон ба он беш аз пеш меафзояд.

– Ду моҳ қабл касе дар бораи пахшу паҳншавии вируси ин беморӣ эҳсоси маъсулият намекард. Вақте ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хатарнок будани ин беморӣ эъломия пахш намуд, мубориза алайҳи он шиддат гирифт. Президенти Ӯзбекистон “Дар бораи таъсиси ҳайати вижаи ҷумҳуриявӣ барои таҳияи барномаи чорабиниҳо аз рӯи ҷилавгирӣ намудани сироят ва паҳншавии коронавирус дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон” амр содир намуд, ки онро нахуствазири кишварамон Абдулло Арипов сарпарастӣ мекунад, – гуфт Алишер Шодмонов.

Бино ба суханони вазири сиҳати оммаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон кишвараш бо ягон давлати ҳамҷавори он, ҳамчунин мамолики дуру наздик марзҳояшро набастаааст ва равуоро қатъ накардааст. Аммо дар марзҳо корҳои ҷилавгирӣ пиёда мешаванд, то ки вируси ин беморӣ вориди Ӯзбекистон нашавад.

– Мо талош мекунем, ки роҳҳои ҳавоӣ, заминӣ, метроҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ зери назорат қарор гиранд. Аз Кореяи Ҷанубӣ 630 нафарро ба Ӯзбекистон интиқол додем. Як идда бемористонҳои сироятӣ дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд ин шаҳрвандонро таҳқиқ менамоянд. Дар гузаргоҳҳои марзӣ 53 маҳали санитарӣ-карантинӣ фаъол сохта шудаанд. Дар ҳамин ҳол алайҳи ин беморӣ ваксина ва дорувор нест ва инро ҳама медонанд. Барои ҳамин корҳои ҷилавгирӣ ва профилактикиро беш аз пеш тавсеа бахшидаем, – мегӯяд Алишер Шодмонов.

Тавре вазири сиҳати оммаи Ӯзбекистон қайд намуд, дар ин рӯзҳо 1 ҳазору 760 шаҳрванди хориҷӣ таҳти муоинаи тиббӣ қарор гирифтанд. Вай гуфт, аз кормандони воситаҳои ахбор ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ даъват мекунад, ки дар миёни мардум аз пахши ваҳму воҳима ҷилавгирӣ кунанд.

– Агар шаҳрвандон масъулият ҳис кунанд ва тарзи ҳаёти худро тағйир диҳанд, мо дар ин набард бо вирус ғолиб мебароем, – хитоб кард Алишер Шодмонов.

Сарвари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ӯзбекистон Лиан Куппенс иброз намуд, ки барои ваҳму воҳима ягон далел вуҷуд надорад.

– Дар Ӯзбекистон пайдо нашудани ягон нафари ба коронавирус сироятшуда муваффақияти калон аст. Бо ин беморӣ шаш қитъаи олам мубориза мебаранд. Яқин аст, ки ҳатто кишвари абарқудрат низ наметавонад дар танҳоӣ бо ин беморӣ мубориза барад. Ҳоло мо шабу рӯз кор мекунем. Хушбахтона, Ҳукумати Ӯзбекистон ҳамаи тақозоҳои СҶТ иҷро мекунад, – гуфт Лиан Куппенс.

Узви Ҷамъияти микробиологияи Амрико, коршиноси байналмилалӣ доктори илми тиб, профессор Михаил Фаворов дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки коронавирус бемории мавсимӣ аст ва интизор меравад, ки аз байн меравад.

– Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қайд гирифта нашудани коронавирус моро хеле хушнуд сохт. Ин дар ҳолест, ки аз сирояти ин беморӣ афроди зиёд ба ҳалокат расиданд. Дар ин рӯзҳо 60 ҳазор нафар сироятшудаи ин бемориро пизишкон наҷот доданд, – мегӯяд Михаил Фаворов.

Гуфта мешавад, ки Ӯзбекистон танҳо бо Афғонистон ва Эрон равуоро маҳдуд сохтааст ва шаҳрвандони кишварҳои дигар метавонанд бидуни монеа ба Ӯзбекистон ворид, ё аз он хориҷ шаванд.

Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки таъсиси ҳамаи чорабиниҳои байналмилалӣ мутаваққиф сохта шудаанд, аммо ҳанӯз маълум нест, ки мақомоти Ӯзбекистон дар бораи таҷлили иди Наврӯз чи иқдомеро пеш мегиранд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь