Дар ҷараёни як мулоқоти рӯ ба рӯ бо журналистон, ки аз тариқи ток-шоуи шабакаи 1-уми телевизиони давлатии Ӯзбекистон сурат гирифт, намояндаи Омбудсмени назди Парлумони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саидбек Азимов гуфт, ки дар кишвараш дигар мафҳуми “рӯйхати сиёҳ” амал намекунад. Ба таъкиди ӯ ҳар шаҳрванди Ӯзбекистон аз озодиҳои баён ва виҷдон бархурдор мебошад.

– Дар муддати се соли охир мо ба он муваффақ шудем, ки дар мавриди озодии баён, озодии виҷдон ва полюразизми сиёсӣ хеле пешрафтҳои назаррас кунем, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф кард. Ҳамчунин, Омбудсмен механизми ҷилавгирӣ аз шиканҷаро таҳия кардааст ва бештар аз 300 тафтиши мониторингӣ гузарондааст. Ҳоло, бидуни мувофиқаи пешакӣ, аз дилхоҳ зиндони кишварамон боздид карда метавонем ва дар ин ҷода касе ба мо монеа эҷод намекунад, – иброз дошт Саидбек Азимов.

Ба гуфтаи мавсуф солҳои қабл (яъне давраи нави то ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев мадди назар мебошад-МА),  намояндагони Омбудсмен аз маҳбасхонаҳои ин кишвар рӯякӣ назорат мебурданд, аммо ҳоло метавонанд тартиби ҷоринамудаи ҳар як маҳкамаро назорат кунанд ва бо ҳаёти маҳбусони он аз наздик ошно шаванд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон Шоҳрух Ғиёсов иброз дошт, ки дар се соли ахир одамон бо кормандони умури интизомӣ ҳамчун ҳимоятгарони худ муносибат мекардагӣ шуданд.

– Солҳои пеш одамон, зимни дучор шудан бо ходимони полис, ба чор тараф мегурехтанд ва аз онҳо пинҳон мешуданд. Ҳоло, хушбахтона, вазъият комилан дигар шудааст. Мо талош ба харҷ медиҳем, ки мардум аз дидани кору рафтори ходимони умури дохила ба шавқу завқ оянд, – гуфт Шоҳрух Ғиёсов.

Вай тазаккур дод, ки аз боздошт кардани шахсони касбу кори гуногун дар кӯчаву хиёбонҳо низ сарфи назар шудааст. Ба таъкиди Шоҳрух Ғиёсов, танҳо баъзе ҳодисаҳои боздошт ва ба шӯъбаи корҳои дохилӣ интиқол додани ин ё он шахс  бо сабабҳои объективӣ ва ё субъективӣ сурат мегиранд. Вай гуфт, ин ҳол дар тамоми кишварҳои дунё таҷриба шудааст ва боиси ягон нигаронӣ намебошад.

– Дар давоми се соли охир теъдоди шахсоне, ки ба ҷиноятҳои гуногун даст задаанд, дар мамлакати мо ду баробар коҳиш ёфтааст. Аз монеагузориҳои зиёде низ ҷилавгирӣ карда шуд, ки байни пойтахт ва шаҳру ноҳияҳо гузошта буданд, – мегӯяд Шоҳрух Ғиёсов.

Вақте сухан дар бораи маоши кормандони идораҳои умури интизомӣ ва таъмини ҳуқуқу тартиботи Ӯзбекистон рафт, маълум шуд, ки дар айни замон як корманди оддии полис дар ҳудуди дуюним миллион сӯм ё муодили 250 доллари амрикоӣ, вакили оддии додгустарӣ 5 миллион сӯм, додгустари олӣ 8 миллион сӯм маош мегиранд. Ин дар ҳолест, ки маоши ҳадди ақали як омӯзгор бештар аз якуним миллион мебошад ва нисбат ба маоши кормандони идораҳои интизомӣ хеле фарқ мекунад.

Дар ҷараёни гуфтугӯи рӯ ба рӯ намояндаи ҳизби сотсиал-демократи “Адолат”-и Ӯзбекистон Камола Ҳамидова изҳор кард, ки аз тайёр кардани вакилони мудофеъ қаноатманд нест. Вай гуфт, ки дар ин маврид таҷдиди назар мебояд.

-То замоне ки ниҳоди вакилони мудофеъ такмил намеёбад, мо наметавонем дар ҷараёни муҳокимаҳои судӣ аз вакилони мудофеи пуртаҷрибаву устувор истифода кунем, – гуфт Камола Ҳамидова.

Гуфта мешавад, додгоҳи ноҳия ба вилоятӣ ва додгоҳи вилоят ба Додгоҳи олӣ набояд мутеъ бошад. Онҳо дар содири ҳукм бояд мустақилона фаъолият кунанд.

Ногуфта намонад, ки се соли охир ҳаёти ҷомеаи Ӯзбекистон дигаргуниҳои куллиро дар пай дорад. Одамон аз зиндагии ботарсу ҳарос комилан озод шудаанд. Ҳамчунин, фикру ақидаи худро ҳар шаҳрванди Ӯзбекистон метавонад озодона бигӯяд. Гузашта аз ин, дар ҷараёни ин гуфтугӯи рӯ ба рӯ гуфта шуд, ки барои бошандагони соири вилоятҳои Ӯзбекистон аз сабтиноми муваққатӣ дар шаҳри Тошканд комилан сарфи назар карда шавад.

Ҳоло Ӯзбекистон дар остонаи интихоботҳои парлумонӣ ва ниҳодҳои маҳаллӣ қарор дорад, ки бори нахуст зери “Ӯзбекистони ҷадид, иинтихоботҳои ҷадид” баргузор мегарданд. Гуфта мешавад, номзадҳо озодона барномаҳои пешазинтихоботии худро тарғиб мекунанд ва аз тарафдорони худ даъват менамоянд, ки ба ҷонибдории онҳо раъй диҳанд.

Мирасрор Аҳроров,

Хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь