Бар асари як ҳодисаи сухтор дар корхонаи истҳесолии “Моҳир семент”-и  ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, ки 31 январи соли ҷорӣ рух дода будааст,  2 нафар ҷон бохта, 8 каси дигар осеб дидаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ рӯзи 16 феврали соли ҷорӣ зимни баргузории нишасти матбуотӣ итилоъ дод, ки сӯхтор дар корхонаи истеҳсолии “Моҳир семент” рӯзи 31 январи соли 2023 сӯхтор рух дода буд.

Ба гуфти ӯ, бар асари ин ҳодиса як шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Чин ва як сокини маҳаллӣ ҷон дода, 8  каси дигар захмӣ шудаанд.

– Аз сокинони осебдида дар ин сухтор 5 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ва 3 нафари дигарашон шаҳрвандони Чин ҳастанд, ки ду нафарашон дар шаҳри Душанбе ва боқимонда зарардигарон дар беморхонаи ноҳияи Ёвон таҳти назаороти табибон қарор доранд, – илова кард раиси ноҳияи Ёвон.

Номбурда афзуд, 8 нафари осебдида тибқи тартиботи реҷаи технологӣ дар минтақае, ки ба онҳо вобаста шуда буд, кор мекарданд ва аз  руйи маълумоти мутахассисони Хадамоти бехатарӣ сӯхтор дар натиҷаи гарму хунук шудан ва ях кардану баъд якбора гарм шудани кураи сементпазии партов ба амал омодааст.

Бахтиёр Шарифӣ иттилоъ дод, ки аз ҷониби корхона ҳама доруворӣ ва кафолатҳои иҷтимоие, ки осебдидаҳо зарурат доранд, пурра пардохт гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь