Шоми 5 октябр, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши идона бо фарогири чорабинии фарҳангӣ бо ташаббуси Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон доир гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси шаҳри Бохтар хабар дод.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис, роҳбари дастгоҳ Наҷмиддин Давлатзода, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Раъно Раҳимзода, мудирони бахшу шӯъбаҳои шаҳр ва дигар ҳайати ҳамроҳ ширкат доштанд.
Бояд тазаккур дод, ки Рӯзи забони давлатӣ шурӯъ аз ба тасвиб расидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», ки 5 октябри соли 2009, №553 қабул гардида буд, таҷлил карда мешавад.
Блоки рекламавӣ