Дар шаҳри Самарқанд ифтитоҳ ёфтани шуъбаи тоҷикии Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон аз ҷониби аҳли қалам ва равшанфикрон як ҳодисаи муҳими фарҳангӣ арзёбӣ мегардад. Гуфта мешавад, дар айни ҳол дар ин шаҳр шаш нафар аъзои Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон ба кору эҷод машғуланд.

Чанде пеш ба муштариёни “Фараж” иттилоъ дода будем, ки ду нафар эҷодкорони ин шаҳри бостонӣ ба узвияти Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуданд. Онҳо нависанда Зоҳир Ҳасанзода ва адибаи ҷавон Маликаи Бахтиёр мебошанд.

– Раиси бахши самарқандии Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Асадулло Шукуров интихоб гардид. Вай аз адибони шинохтаи форсигӯй дар шаҳри Самарқанд муаррифӣ шудааст. Чанд китобу маҷмӯаи Асадулло Шукуров чоп гардидаву ба дасти муштариён расидаанд. Вай чанд сол муқаддам ба узвияти Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шудааст, – гуфт ба мухбири “Фараж” нависанда ва рӯзноманигори самарқандӣ Зоҳир Ҳасанзода.

Тавре ин ҳамсуҳбати мо боз илова кард, дар ҳавзаи адабии Самарқанд шоир, сардабири рӯзномаи “Субҳи Гулобод” Нормурод Каримзода, адибони зуллисонайн Нусрат Раҳмат ва Раҳимҷон Наимӣ низ аз шумори аъзои Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон маҳсуб меёбанд.

Гуфта мешавад, ки шӯъбаи тоҷикии Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд барои мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстии ду халқ нақши муассир хоҳад бозид.

Интизор меравад, ки ин шӯъба ҳафтае як маротиба ҷаласаи худро баргузор мекунад. Инчунин он бо маром ҳамаи қаламкашони хоҳишманди Самарқандро дар атрофи худ муттаҳид хоҳад кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь