Сокинони шаҳри Панҷакент шикоят доранд, ки барқро на танҳо дар деҳот, балки дар шаҳр низ хомӯш мекунанд. Як нафар аз сокини ин шаҳр, ба шарти ифшо нашудани номаш, ба мо гуфт, ки масъулини барқ дар шаҳр барқро мефурӯшанд. Аз ҳамин сабаб барқ дар шаҳр аксар вақт хомӯш мешавад.
“Дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва мағозаҳои хешовандони раиси барқи шаҳри Панҷакент барқ доим ҳаст, аммо дар хонаҳои мардум нест”, – гуфт як сокини шаҳри Панҷакент.
Инчунин, сокинон мегӯянд, ки аз сабаби набуди барқ молу колояшон, ки тариқи яхдонҳои барқӣ нигоҳдорӣ мешаванд, вайрон мешаванд.
Ба гуфтаи сокинон ҳангоми муроҷиат масъулини шабакаи барқ баҳона пеш меоранд, ки онҳо фармони хомӯш кардани барқро аз “боло” мегиранд.
Вобаста ба ин ҳолат мо бо масъулини Шабакаи хизматрасонии барқ дар шаҳри Истаравшан дар тамос шудем. Ба суоли он, ки то куҷо шикояти сокинон ҳақиқат аст, масъули шабакаи барқ дар шаҳри Истаравшан гуфт, ин гуна супориш аз ҷониби ин ниҳод нашудааст ва дар Панҷакент масъулин аз пеши худ ба ин корҳоро кардаанд.
“Ягон хел супориш дар масъалаи хомӯш кардани барқ аз ҷониби мо нашудааст” – мегӯяд масъул дар шабакаи барқтақсимкунии шаҳри Истаравшан.
Масъалаи “лимит” ҳамасола бо фаро расидани фасли сармо ба яке аз масъалаҳои доғ табдил меёбад,вале масъулин дар “Барқи тоҷик” пайваста мавҷуд будани “лимит”-ро рад мекунанд ва сабаби набудани барқро ба корҳои профилактикӣ рабт медиҳанд.
Дар бораи то куҷо дуруст будани даъвои сокинон ва хомӯш шудани барқ хостем бо масъулини “Барқи тоҷик” дар тамос шавем, аммо ба рақамҳое, ки дар сомонаашон гузоштаанд, тамос гирифтан нашуд.