Дар шаҳри Панҷакент 33-юмин солгарди садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобилро ёд карданд.

Дар ҳамоиш, ки бо ширкати бартафсозандагони садамаи Чернобил дар Украина, оилаи онҳо баргузор шуд, ҳамчунин, намояндаи Иттифоқи чернобилчиёни ҷумҳурӣ Қимат Шарипова, муовини раиси шаҳри Панҷакент Зайнура Азимӣ иштирок карданд.

Таъкид гардид, ки аз Тоҷикистон дар бартарафсозии садамаи мазкур зиёда аз 5800 нафар ва аз Панҷакент 32 нафар дар Чернобил хизмат кардаанд.

– Дар тӯли 10 соли охир, аз таъсири радиатсия ва нурҳои зараррасон зиёда аз 500 нафар вафот кардаанд, – гуфт Қимат Шарипова.

Ба бартарафсозандагони оқибатҳои садамаи Чернобил тӯҳфаҳо тақдим гардид.

Ҳамчунин, Мурод Шукурзода, роҳбари КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, аз қаҳрамониҳои мардони тоҷик дар Украина ёдавар шуда, баъди супоридани сипоснома ва тӯҳфаҳо, эълон дошт, ки ҳар сол КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, як нафар аз иштирокчиёни садамаи Чернобилро аз ҳисоби ҳизб ба ягон осоишгоҳи кишвар мефиристад.

Дар охири ҳамоиш ба рӯҳи фавтидагони ин фоҷиа фотиҳа хонда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь