Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон муассисаҳои таълимию томактабӣ бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва волидон 97 дарсад ба соли нави хониш омода шуданд.

Аз шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур ба “Фараж” хабар доданд, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  63 муассисаи таълимӣ амал мекунанд, ки волидон барои таъмири онҳо 56 ҳазор сомонӣ ҷудо карданд. Бо ин маблағҳо ва маблағҳои буҷети ноҳия мактабҳо 97 дарсад ба соли нави таҳсил омода шуданд, гуфтанд аз ниҳоди мазкур.

Ҳамчунин аз Раёсати молияи ноҳия хабар доданд, барои таъмири мактабҳо аз ҳисоби буҷети ноҳия 485 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин маблағ то имрӯз беш аз 270 ҳазораш ҷудо карда шудааст.

Масъулони Раёсат гуфтанд, талош мекунанд, бо пайдо шудани имконият ва иҷроиши қисми даромади буҷети ноҳия маблағи боқимондаро низ ҷудо кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь