Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва шарикони рушд барои ятимони кулли ноҳия манзили зист бунёд карда мешавад.

Аз МИҲД-и ноҳияи мазкур иттилоъ доданд, ки   имрӯз, 24 июли соли 2024,  аз тарафи ташкилоти “Хайрияи Тоҷикистон” бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло ва роҳбари ташкилоти зикргардида Дилшодов Умар дар деҳаи Телмони ҷамоати деҳоти Золи Зар барои бунёди шаҳрча санги асос гузошта шуд.

Гуфта шуд, ки дар ин мавзеъ барои ятимони кулли ноҳия хонаҳои истиқоматӣ сохта шуда, инчунин инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ таъмин карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь