Дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони соҳаи тиб барои пешгирии коронавирус 70 дарсади аҳолӣ бо воксани якум ва 50 дарсади дигар бо воксани дуюм фаро гирфита шудаанд.
Роҳбари Кумаки аввалияи тибию санитарии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Азизулло Холов зимни суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки дар ноҳия 126 ҳазору 348 нафар гуруҳи мақсаднок мебошанд, ки аз онҳо то рӯзи 20 январи соли ҷорӣ 87 ҳазору 383 нафарашон вояи якум, ки он 70,1 дарсадро ташкил медиҳа ва 62 ҳазору 75 нафари дигар, ки 50 дарсадро ташкил медиҳанд, бо вояи дуюм эмгузаронӣ шуданд.
– Дар ноҳия аз ҷониби ин марказ 70 нуқтаи эмгузарони ва аз ҷониби беомрхона 10 гуруҳи кори ташкил карда шудаст, ки ҳамаруза сокинонро воксан мекунанд, -илова кард ӯ ва афзуд, ки бештар сокинони ноҳияи Балхӣ воксанҳои “Синовак”, “Астра Зеника”, “Пфайзер” ва “Модерна”-ро мегиранд.
Қайд карда шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бештар аз 12 ҳазор воя воксана дигар захира аст.
Ҳамчунин, аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён хабар доданд, ки дар ин ноҳия аз 141 ҳазору 996 нафар гуруҳи мақсаднок, 100 ҳазор вояи якум ва 74 ҳазору 800 нафар вояи дуюми воксанро гирифтаанд, ки вояи якум 70 дасрад ва вояи дуюми 52,5 дарсадро такшил медиҳад.
– Дар ноҳия ҳоло 46 нуқтаи эмгузаронӣ ташкил карда шуда, барои эмгузаронӣ дар нуқтаҳо 13 ҳазору 630 вояи воксан захира мебошад, – илова карданд аз шуъбаи мазкур.