Дар соли сипаригардида дар марзи Тоҷикистон 31 маротиба задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 18 қочоқчӣ нобуд ва 20 нафари дигар дастгир карда шудаанд.

Ба иттилои Ховар, дар соли 2017-ум 31 маротиба кӯшиши убури ғайриқонунии хати сарҳад пешгирӣ карда шудааст. Ҳамзамон 138 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ ва 105 далели вайронкунии низоми сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуда, 205 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ва 201 нафар вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь