Дар маркази ноҳияи Кушониён дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 150 кӯдак идома дорад.
Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари кории худ дар ноҳия бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти томактабии типи нав шинос шуд, Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст.
Муассисаи томактабӣ дар асоси лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешавад.
Пудратчии лоиҳа ҶДММ “Интерсохтмон” буда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст ва аз утоқи таълимӣ иборат мебошад. Инчунин, дар саҳни муассиса сохтмони майдончаи варзишӣ, ҳавзи оббозӣ ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ шудааст.