Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба рӯзи варзишгарон чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Кӯлоб ва дигар меҳмон иштирок карда, раиси шаҳр ба як қатор собиқадорону мураббиён, кормандони соҳаи варзиш ва варзишгарон сипоснома ва дигар тӯҳфаҳо супорид.
Аз ,ахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд,ки бахшида ба ин муносибат санаи 10 август дар майдони марказии варзишии шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид.
Гуфта шуд,ки дар ин чорабини нахуст роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз дастовардҳои варзишгарони шаҳр ва минтақаи Кӯлоб инчунин ба 14 намуди варзише, ки дар шаҳри Кӯлоб фаъолият мекунанд боздид намуда ба истеъдоди варзишгарони шаҳри Кӯлоб баҳои баланд доданд.
Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр дар назди ҳозирин баромад намуда,тамоми варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзишро ба фарорасии Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон табрик намуд.
Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол варзиш новобаста аз синну сол ва мавқеи иҷтимоии шаҳрвандон оммавӣ гардида, ҳамчун қосиди сулҳ, рамзи дӯстиву рафоқат ва шарафу эътибори миллат шинохта шудааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Варзиш омили тавонои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқу давлатҳо мебошад. Миллати тоҷик ҳанӯз дар замонҳои қадим бо ойинҳои ҷавонмардиву паҳлавонӣ маъруф буд».