Дар як соли охир аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар дар ҳама самтҳо 345,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ба давлат барқарор карда шудааст. Аз ин ҳисоб 251,2 миллион сомонӣ ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 92, 2 миллион сомонӣ ба фоидаи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ рост меояд.

Дар ин бора директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода зимни нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод.

– Дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияви маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 248 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 265, 9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карданд. Тавассути чораҳои андешида аз маблағҳои ошкоргардидаи зарар 261,4 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шудааст, ки 186,6 миллион сомонии он бевосита ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 74,8 миллион сомонӣ бо пардохти воситаҳои пулӣ, даромад кардани молу мулк ва ҳисоббаробаркуниҳо мебошад, – гуфт директори Агентӣ С. Султонзода.

Гуфта шуд, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон 2212 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва инчунин, бо дигар моддаҳои КҶ ҶТ-ро нисбат ба 1192 нафар ошкор карданд, ки 911 адади он ба гуруҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь