Аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Хатлон айни замон сохтмони се муассисаи таълимӣ ва як бинои иловагӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Кӯшониён ва Панҷ идома дорад, ки барои бунёди иншоотҳои мазкур аз ҳисоби буҷети вилоят дар соли 2020-ум 12 миллиону 500 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст ва то имруз зиёда аз 10,5 миллионаш дар корҳои сохтмонӣ масраф шудааст.

Сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдулозода Абдувоҳид имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз ҳисоби буҷети вилоят дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда идома дорад ва дар назар аст, ки он дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар мавриди истифода қарор дода шавад.

– Дар ноҳияи Кӯшониён муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ вилоят сохта мешавад, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар он идома доранд.  Инчунин, сохтмони бинои иловагии назди мактаби №36 дар ноҳияи Панҷ  ва идомаи сохтмони мактбаи №7 барои 240 хонанда дар ноҳияи Хуросон бо мабалағгузории вилоят бунёд мешаванд, – илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Хатлон ҳоло сохтмони бинои маъмурии МИҲД ноҳияи Панҷ,  маркази вилоятии ташхиси қалб дар шаҳри Бохтар, беморхонаи зидди касалиҳои сироятӣ дар ноҳии Данғара ва сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониён идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь