Дар вилояти Хатлон дар 7 моҳи соли ҷорӣ беш аз 816 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 237 тонна зиёд мебошад.

– Айни замон дар  вилоят 276 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият мекунанд, ки масоҳати ҳавзҳои онҳо дар маҷмуъ 2 ҳазору 703 гектарро ташкил медиҳад, – гуфт раиси Ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон Алимаҳмад Гулов.

Ба иттилои ӯ дар 7 моҳи соли ҷорӣ 16 адад хоҷагиҳои моҳипарварии нав ташкил ёфтааст ва ҳамасола  40 то 50 гектар масоҳати  ҳавзҳои моҳӣ зиёд мешавад.

Номбурда илова кард, ки давоми ҳафт моҳи  соли ҷорӣ хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон 816,1 тонна моҳӣ истеҳсол кардаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 237 тонна зиёд мебошад. Тибқи дурнамо, соли ҷорӣ, бояд ин хоҷагиҳо 4500 тонна моҳии хушсифат истеҳсол намоянд.

Моҳипарварони хатлонӣ тавассути ҷорӣ намудани самтҳои афзалиятноки соҳа нақша доранд аз ҳар як гектар ҳавз ба миқдори 2 тонна моҳӣ ба даст оварда, бо ин роҳ дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ, ҳамзамон дар солҳои оянда содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

Дар соҳаи моҳипарварӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият бозтавлиди моҳичаҳо ба ҳисоб меравад. Айни замон дар кӯлу ҳавзҳои моҳипарварии вилоят 3 миллиону 587 ҳазор кирминамоҳиҳои гуногун, аз қабили зағорамоҳӣ, амури сафед, пешонапаҳми сафед, карп ва карпи ялаққосӣ парвариш меёбанд, ки нашъунамои онҳо хуб мебошад.

Ҳамчунин, ҷиҳати таъмини дигар хоҷагиҳои моҳипарвар бо ибтикори Корпоратсияи «Моҳии тоҷик» дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди корхонаи истеҳсоли моҳичаҳо бомаром идома дорад.

Блоки рекламавӣ

2 ШАРҲҲОИ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь