Аз соли 2022 то 9 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 327 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ бунёд гардидааст.
Аз МИҲД-и вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 500 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта шуд, ки дар ду солу 9 моҳ аз ин шумора 327 ададаш бо ташкили садҳои ҷойҳои нави корӣ бунёд гардидааст. Қайд гардид, ки дар 9 моҳи соли 2024-ум дар вилоят 69 корхонаи гуногун сохта шудааст. Ҳоло дар вилоят 808 коргоҳу корхонаи гуногуни истеҳсолӣ фаъолият мекунанд.
Блоки рекламавӣ