Давоми 7 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 469 ҳазору 500 дона дарахти ҳамешасабз, ороишӣ ва сояафкан шинонида шудаанд, ки аз ин миқдор то 20 августи соли равон 32 ҳазору 439 донааш хушк шудааст.

Саъдулло Бобоҷонов

Сардори шуъбаи нозироти давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Саъдулло Бобоҷонов гуфт, ки хушкшавии дарахтон бештар дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Кӯшониён, Балхӣ, Ҷайҳун, Носири Хусрав, Панҷ, Дустӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Ҷомӣ, Хуросон,  Левакант, Ёвон, Кӯлоб, Восеъ, Фархор,  Данғара ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба қайд гирифта шудааст.

Ин шахси масъул омилҳои хушкшавии дарахтонро ба иқлим мутобиқат набудани дарахтон, заминҳои шӯр, риоя накрдани қоидаҳои агротехникӣ арзёбӣ карда, афзуд, баъзе масъулони ташкилоту идораҳо дарахтони шинонидашударо об намедиҳанд, ки аз ин ҳисоб онҳо хушк мешаванд.

Манбаъ иттилоъ дод, ки нисбати 24 нафар шахсони воқеиву мансабдор, ки ба хушкшавии ниҳолҳо боис шудаанд, хунукназарӣ карданд, ё ҳисоботи бардурӯғ додаанд, ба маблағи 7 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь