Дар вилояти Хатлон соли 2018 166 ҳодисаи худкушӣ ва қасди даст задан ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбати соли 2017-ум 7 адад кам будааст.

Ин нукта зимни нишасти хабарии прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло зикр гардид. Ҳамчунин, прокурори вилоят афзуд, дар ин давра оид ба ҷиноятҳои куштор ва суиқасд ба он 20 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 27 нафар оғоз шуда, тафтиши 24 парвандаи ҷиноӣ ба итмом расида, ба суд ирсол карда шудааст. Тафтиши дигар   парвандҳои ҷинои айни замон идома дорад.

Прокурори вилояти Хатлон ҳамчунин гуфт, дар ин давра аз тарафи муфаттишони мақомоти прокуратура 186 парвандаи ҷиноятии дорои характери коррупсионидошта оғоз ва тафтишот бурда шудаст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь