Дар рӯзи аввали Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Хатлон-Инвест-2024» беш аз 30 созишноиаи ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 200 миллион доллар ба имзо расид.

Дар кори Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии “Хатлон Инвест”, ки аввалин ҳамоиш дар вилояти Хатлон мебошад? беш аз 400 намояндаи корпусҳои дипломатӣ, доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳии кори Форум изҳори итминон кард, ки Форуми имрӯза ҷиҳати муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳамкориҳои мутақобилаи судманд имконияти мусоид фароҳам оварда, дар тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя дар бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, рушди содироти маҳсулотҳои хушсифати экологӣ ва барвақтии тару тозаи табиӣ саҳмгузор мебошад.

Дар мулоқоту музокироти имрӯза мавзӯъҳои рӯзмарраи иқтисоди рақамӣ, энергияи сабз, истеҳсоли маҳсулоти органикӣ ва сармоягузорӣ дар тамоми бахшҳо – энергетика, саноат, сохтмон, нақлиёт, кишоварзӣ, савдо ва фанновариҳои технологӣ мавқеи афзалиятнокро касб намуд.

– Самти дигари муҳими ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ин пеш аз ҳама таъсиси корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои арзиши баланди иловашуда арзёбӣ мегардад, ки талабот ба он ҳам дар дохили бозорҳои минтақа ва берун аз он баланд мебошад, – афзуд раиси вилоят.

Бояд гуфт, ки Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест» аз 17 октябри соли ҷорӣ оғоз шуда то 18 октябр идома меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь