Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 68 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбати  ҳамин давраи соли 2021-ум 20 ҳолат кам аст, аммо бастани ақди никоҳ 49 ҳолат зиёд шудааст.

Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрванди ноҳияи Дӯстӣ Холиқзода Гулракат зимни суҳбат ба “Фараж”  гуфт, ки аз 68 оилаи ҷудошуда 61 ҳолати он бо қарори суд, 6 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзандони умумии ноболиғ надоранд ва як ҳолат бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор карда шудааст.

Ин шахси масъул илова кард, ки баъди пошхурии 61 оилае, ки бо ҳалномаи суд ақди никоҳашон бекор гардидааст, 107 кӯдаки ноболиғ аз тарбия падарони худ маҳрум монда, ҳамагӣ зери парасотории модарон боқӣ мондаанд.

Мудири бахши мазкур омили кам шудани пошхӯрии оилаҳоро бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби онҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои ноҳия миёни аҳоли ба хусус ҷавонон арзёбӣ кард.

Холиқзода Гулракат афзуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 472 оила ба ҳам ақди никоҳ бастаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 ҳолат зиёд аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь